Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли бори транзитӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон 26 ҳазор тонна коҳиш ёфта, 52,2 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ маблағи умумии ҳамлу нақли борҳои транзитӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 129,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. $ камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, тариқи қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 100 навъи бори транзитӣ ҳамлу нақл мешавад, ки асосан аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ ва аз кишварҳои хориҷӣ ба Афғонистон сурат гирифта, номгӯи борҳои мазкур аз воситаҳои нақлиёт, реакторҳои ядроӣ, дегҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои механикӣ, маснӯот аз фулузоти сиёҳ, дастгоҳҳои правозкунанда ва кайҳонӣ, нахи пахта, алюминий, ҳамчунин маҳсулоти ғизойӣ, асбобу таҷҳизоти варзишӣ, мебел, бозича, масолеҳи сохтмон, маснуоти дӯзандагиву бофандагӣ, сарулибосу пойафзол ва ғайра иборатанд.