Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз самти Ёвон шинос шуда, аз суръати корҳои сохтмоон дар аксари қитъаҳо ва аз то ба ҳол таҳия нагардидани нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ норозигӣ баён намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ба нахуствазир маълумот додаанд, ки маблағгузории корҳои сохтмонӣ барои давраи муайян аз ҷониби фармоишгар пурра ба иҷро расида, вале дар ҷараёни азхудкунии он мушкилот вуҷуд дорад. Масофаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон беш аз 40 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа бунёди се нақб, панҷ пули бузург ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

«Пас аз боздид аз иншоот Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ёвон аз сафараш натиҷагирӣ карда, дар он оид ба ҳар моҳ баргузор намудани ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ дар макони корҳои сохтмон тасмим гирифта шуд», - зикр кард Муҳиддинов.