Аз се як ҳисаи маблағҳое, ки барои сохтмони асосии вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст, ба ноҳияи Данғара равона мегардад.

Чуноне ки аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар доданд, дар қисми хароҷоти буҷети вилояти Хатлон 30 млн. сомонӣ барои сохтмони асосӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин 10 млн. сомониаш ба ноҳияи Данғара ҷудо мегардад.

«Боқӣ 20 млн. сомонӣ барои сохтмон дар дигар шаҳру навоҳии вилоят  пешбинӣ шудаанд. То ба имрӯз 7,5 млн сомонӣ барои сохтмон асосӣ ҷудо шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамасола аз маҷмӯи маблағҳои пешбинишуда барои сохтмони асосии вилоят аз 25 то 30 фисадаш ба ноҳияи Данғара равона шуда, боқӣ ба дигар шаҳру навоҳии вилоят ҷудо карда мешавад.