Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев рӯзи 21-уми июл пас аз нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти корхона дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Рустам Холиқов директори генералии «Тоҷик Эйр» таъин гардид.

Тавре аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, директори генералии нави ҶСК «Тоҷик Эйр» Холиқов Рустам Исуфович санаи 21-уми июл ба ҳайати кормандони ширкат аз ҷониби муовини сарвазири Ҷумњурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Гуфта мешавад, роҳбари нави ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мутахассиси соҳаи авиатсия буда, қаблан вазифаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро ба зимма дошт.