Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2014, ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба як сохтор муттаҳид карда мешаванд. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» вогузор карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, азнавташкилдиҳиву муттаҳид гардидани ин сохторҳо бо мақсади таъмини идоракунии пурсамари фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии ҶСК «Тоҷик Эйр» амалӣ мешавад.

«Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд», - гуфта мешавад дар қарори ҳукумат.