Дар ду ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон -  Шӯрообод ва Муъминобод маросими супоридани тракторҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Беларус баргзор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, техникаи мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» тақдим гардид. Лоиҳа аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ гардида, барои татбиқи он то моҳи апрели соли 2015 7 миллиону 350 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба тараққиёти устувори захираҳои замин, рушди инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии  хонаводаҳои ноҳияҳои Шурободу Мӯъминобод мебошад.

Бо ин мақсад, ба 25 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Шӯрообод дар маҷмуъ 31 адад трактор, 31 адад плуг, 6 адад ғалакӯбак, 2 адад дорупошак, 1 адад алафдаравак, 22 адад ядак (притсеп) ва 118 адад сихмола ба маблағи умумии  930 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид.

Ба роҳбарони 31 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Муминобод дар маҷмуъ  31 адад трактор, 31 адад плуг, 15 адад ғалакубак, 4 адад дорупошак, 27 адад ядак ва 167 адад сихмола ба маблағи умумии 1 миллиону 56 ҳазор доллари ИМА супорида шуд.

Қобили зикр ас тки имрӯз дар баробари 13 барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ 38 лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 192 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад.