Тоҷикистон шабонарӯзӣ тақрибан то 7 млн. кВт/соат неӯи барқро ба хориҷи кишвар содирот мекунад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (то 5,5 млн. кВт/соат) ва Қирғизистон (1,5 млн. кВт/соат) интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, нерӯи барқ ба Афғонистон бо нархи 3,7 сент ва Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВ/соат фурӯхта мешавад. «Нисбатан паст будани нарх барои Қирғизистон дар он ифода меёбад, ки аз умуман нафурӯхтан дида, беҳтараш бо ягон нархе барқро мебояд фурӯхт», - иброз дошт ӯ.

Дар робита ба ин масъала ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мавсими тобистон дар Тоҷикистон ҳаҷми барзиёди истеҳсоли нерӯи барқ ба вуҷуд омада, вале бозори фурӯши он мавҷуд нест. «Партови холии оби ҳамасола дар нерӯгоҳҳои барқии мо ба истеҳсоли 3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ баробар буда, бо ин нарх фурӯхтани он, мо ҳадди ақал ягон фоидае ба даст хоҳем овард», - шарҳ дод вазир.

Ба қавли Усмонзода, дар зарфи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 497 млн. кВт/соат, аз ҷумла наздики 414 млн. ба Афғонистон ва беш аз 82 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 135 млн. кВт/соат бештар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 8,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.