Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки нимсолаи аввали соли равон ба тасҳеҳи тарифҳои истифодаи барқ машғул буд, бамаротиб боло бурдани нархи истифода аз нерӯи барқро пешниҳод намуд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдусамад Раҷабзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади раҳоии ширкати «Барқи тоҷик» аз буҳрони молӣ, гуруҳи корӣ бамаротиб боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқро пешниҳод кардааст.

«Пас аз таҳлили фаъолияти «Барқи тоҷик» гурӯҳи корӣ ба хулоса расид, ки тарифҳои нерӯи барқ бояд 20% афзуда шаванд, аммо Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор («Барқи тоҷик» ва истеъмолгарони нерӯи барқ)-ро омӯхта, 15% боло бурдани тарифҳоро пешниҳод намуд, ки он қабул шуд», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 1-уми июли соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 15% зиёд шуданд.

Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарифҳои истифодаи нерӯи барқ ба аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 12,60 дирам; истеъмолгари асосӣ – корхонаи «ТАЛКО» аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 7,2 дирам ва дар мавсими зимистон аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 11,80 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 30,60; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 12,20 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 2,20 дирам, ташкилотҳо ва муасисаҳои буҷетӣ – 22,40 дирам, бахши ғайрибуҷетӣ – 75,80 дирам, нақлиёти барқӣ – 8,20 дирам муқаррар карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.