Нимсолаи аввали соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,2 млрд. доллари ИМА расид, ки ба 21,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев хабар дод.

«Идоракунии қарзи давлатии хориҷии кишвар дар ин давра дар сатҳи зарурӣ таъмин гардида, хизматгузорӣ ба он комилан ба иҷро расонида шуд», - иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Нуралиев, дар ин давра барои пардохт ва хизматгузории қарзи хориҷӣ 67 млн. доллари ИМА, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 51,3 млн. ва пардохти фоизҳо аз қарз – 15,7 млн. доллари ИМА равона шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми қарзи дохилӣ ба санаи 1-уми июли соли равон 2,3 млрд сомониро ташкил додаааст, ки ба 4,7% нисбат ба ММД баробар аст, яъне барои пардохти ин қарз 55 млн. сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 161,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки ба 25,4%-и ММД баробар аст.