Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки ҳарчанд дар фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» беҳбудӣ ба мушоҳида расад ҳам, онро наметавон комилан қаноатбахш арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи Нуралиев, соли 2012 ҳукумат дар бораи дубора сармоягузорӣ ба бонк дар ҳаҷми 700 млн. сомонӣ қарор қабул намуда, аз ин миқдор 200 млн. сомонӣ ба сифати афзудани сармояи оиннномавии бонк ва 500 млн. сомонӣ ба ивази дороиҳои марбут ба амалҳои номутобиқ ба талаботи Бонки миллӣ равона гардиданд.

«Таври маълум, 52%-и саҳмияҳои бонк ба давлат, аз ҷумла Вазорати молия тааллуқ доранд ва қисмати боқимонда миёни муассисони аввалия, ки ҳиссаашон баъди сармоягузории дубора коҳиш ёфт, тақсим карда шудааст ва вазъи молиявии бонк ба иқдомоти минбаъда нисбати он вобаста аст», - иброз дошт ӯ.

Нуралиев мегӯяд, шояд давлат 100% молики «Агроинвестбонк гардад. «Ба назарам, ягон сармоягузоре ёфт нахоҳад шуд, ки талафоти имрӯзаи мавҷудаи бонкро ба дӯш гирад. Шурӯъ аз соли 2010 ин бонк то имрӯз натиҷаҳои молиро бо зиён ба анҷом мерасонад ва имсолу соли оянда  низ чунин ҳолат дар назар аст. Ин ба раёсат ва аъзои Шӯрои мудирони имрӯзаи бонк дахл надошта, мероси ҳайати корманаони пешинаи муассиса мебошад», - қайд кард Нуралиев.

Зимнан зикр гардид, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат ба раёсати «Агроинвестбонк» муҳлати мушаххас дода шуда, дар сурати иҷро накардани ин вазифаҳо, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.