Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» Зарнисор ба маблағи умумии 322 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 205 млн. сомонӣ) маъдан истихроҷ шуд.

Муовини директори генералии ширкат Зафар Зарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра 23,6 ҳазор тонна маъдани сурб, 39,5 ҳазор тонна маъдани руҳ ва 2,2 ҳазор тонна маъдани мис истихроҷ гардида, нақшаи истихроҷи маъданҳо ба миқдори 13,8% барзиёд иҷро шудааст.

Ба гуфтаи Зарифов, имрӯз дар корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» Зарнисор 1682 нафар коргарони мутахассисон машғули коранд, ки 104 нафарашонро сокинони маҳаллӣ ва боқимонаро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. «Музди меҳнати миёна дар корхона ба 2 ҳазору 170 сомонӣ баробар аст, - афзуд ӯ.