Истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон аз нисф зиёдтар коҳиш ёфта, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 53,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 55% камтар аст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки кам шудани ҳаҷми истеҳсоли алюминий сабабҳои объективӣ дорад, ки қисман ба поинравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ марбут аст.

«Мо ният дорем, ки ҳамасола ҳаҷми коркарди алюминий дар дохили кишврро афзун намоем. То имрӯз 19 корхонаи коркарди алюминий таъсис дода шудаанд, ки зарф, кабел, тиреза аз алюминий ва ғайра истеҳсол мекунанд. Тадриҷан иқтидори ин корхонаҳо афзуда мешаванд», - иброз дошт вазир.

Дар робита ба ин масъала Бобозода корхонаи муштараки «Тоҷпроф»-и Тоҷикистону Туркияро мисол оварда, зикр кард, ки иқтидори он ба коркарди 3,7 млн. тонна алюминий дар як сол баробар аст. «Барои сохтмони корхонаи мазкур 13 млн. сомонӣ маблағ харҷ шуда, дар он 70 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли вазири саноат ва технологияхои нави ҶТ, дар ин самт ҳамчунин оид ба таъсиси корхонаи муштарак бо ширкати «Алютех»-и Беларус низ тавофуқ ҳосил шудааст, ки ба истеҳсоли сохторҳои меъмориву сохтмонӣ аз профилҳои алюминӣ машғул хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.