- Президенти кишвар ҷиҳати беҳбуд бахшидан ва «ба по хезондан»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дастур дод ва баҳри роҳандозии фаъолияти пурсамари ин ширкат, ду сохтор – «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро муттаҳид сохт», - изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ҳамзамон директори генералии тозатаъини ҶСК «Тоҷик Эйр» Рустам Холиқов.

Холиқов қайд кард, ки таъинот ба мансаби директори генералии «Тоҷик Эйр» барояш ногаҳонӣ буд ва ҳамон рӯз аз васоити ахбори умум аз ин таъинот огаҳӣ ёфтааст.

«Мо аз ҳисоби фурудгоҳ пешравии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро таъмин карданӣ нестем, балки сохтори менеҷмент, методҳои идоракунӣ, даромаду хароҷоти ширкат бозбииву таҷдид мешаванд», - гуфт ӯ.

Холиқов қайд кард, ки айни замон қарзи «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи пойтахт 70 млн. сомонӣ буда, дар бораи «бахшидан»-и онҳо сухан намеравад.

«Барои бозбинии ин қарзҳо қарори ҳукумат зарур буда, гузашта аз ин, аз ин маблаги қарз мо аллакай андозро пардохтем, вале вазъро метавон ба эътидол овард. Мо аллакай ба кормандони ширкати ҳавопаймоӣ музди меҳнати семоҳаи таъхиршудаашонро пардохта, ҳамчунин ба мутаваққиф гузоштани парвозҳо хотима бахшида шуд. Ҳамаи парвозҳо бидуни нишаст барои дубора маводи сӯхт гирифтан ва мустақиман ба иҷро мерасанд», - қайд кард вай.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки барои беҳбуди фаъолияти ширкати «Тоҷик Эйр» дастгирии ҳукумат зарур буда, вале он бояд на ба тарзи ҷудо кардани маблағ аз буҷет сурат гирад, балки тариқи дастгирӣ дар хароҷоти пардохти андозҳо ва дигар воситаҳо амалӣ гардад.