Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати саноати куҳкории Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумита Қодири Қосим ва аз номи  «Ширкати саноатӣ куҳкории Тоҷикистону Хитой» президенти ин ширкат ҷаноби Хуна Сзянь Жунг ба имзо расониданд.

«Мутобиқи созишномаи мазкур сармоягузор тамоми уҳдадориҳо доир ба маблағгузории лоиҳаро ба зиммаи худ гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 200 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад ва татбиқи лоиҳа то соли 2018 идома меёбад», - омадааст дар хабари Кумитаи сармоягузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, муддати 4 сол ширкати хитойӣ ният дорад, ки истихроҷи маъданҳои полиметалӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истихроҷ ва коркарди маҷмўии маъданҳои полиметалӣ дар кони Зарнисори Шимолӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро бо иқтидори 2 млн. тонна маъдан дар як сол, сохтмони корхонаи металлургии аз лиҳози экологӣ безарар бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор тонна сурб дар як сол, лоиҳакашӣ ва сохтмони дигар инфрасохтори зарури иҷтимоиро амалӣ намояд.