Имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва Роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи тиҷоратисозии соҳаи кишоварзӣ созишномаи грантиро ба имзо расониданд. Лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дастгирӣ шуда бо истифода аз гранти Асотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар ҳаҷми 22 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ  мешавад.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар таҷрибаи ислоҳоти қаблӣ, ки ба таҳкимбахшии ҳуқуқҳо ба замин, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар таъмини деҳқонон бо интихоби озоди зироати кишт мусоидат намуд, асос меёбад. Он дар оянда барои деҳқонон ва хоҷагиҳо ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои маҳаллӣ ва содиротӣ имкониятҳои васеътар фароҳам меоварад.

“Айни замон деҳқонон аз имкониятҳои маҳдуди дастрас намудани маҳсулоти худ ба бозор бархурдор мебошанд, ки чунин вазъият боиси коҳишёбии даромади онҳо ва рушди умумии иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегардад. Тавассути ҷорӣ намудани усулҳои нави маркетингӣ ва таҷрибаҳои бозаргонӣ ки маҳсулнокии маҳсулоти кишоварзиро баланд мебардоранд, лоиҳаи мазкур имкониятҳои деҳқононро васеъ мекунад. Дар сурати табдилёбии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба корхонаҳои бомуваффақ, онҳо  метавонанд ҷойҳои нави кориро таъсис дода ба рушду нумӯи иқтисодӣ мусоидат намоянд”, - гуфт Марша Олив, Намояндаи домии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

23 фоизи ММД ва 48 фоизи шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, аз ин лиҳоз он дар рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад. Тавассути як қатор чораҳои иловагӣ, аз он ҷумла таъмини дастрасӣ ба қарзҳо, грантҳо ва таҳкими тавонмандӣ, лоиҳа сатҳи тиҷоратсозии маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва агробизнесро баланд мебардорад. Инчунин, теъдоди бештари корхонаҳои миёнаҳаҷми агробизнес ва ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон имконияти фурӯши маҳсулоти худро дар дохил ва беруни кишвар пайдо мекунанд. Он инчунин тавонмандии Ҳукуматро дар татбиқи ислоҳоти сиёсат ва меъёрию ҳуқуқӣ баланд бардошта дар таҳқиқоти илмӣ ва  таҳлили бозор, таҷдиди барномаи таълимии муассисаҳои таълимии маҷмӯи агросаноатӣ мусоидат  мекунад. 

Дар баробари ин, сармоягузории бевоситаи IFC ба маблағи 1,9 миллион доллари ИМА, арзиши умумии лоиҳаро ба 23,9 миллион доллари ИМА мерасонад. Интизор меравад, ки талошҳои муштараки IDA ва IFC ҷалби сармоягузории хусусиро дар ҳаҷми 72 миллион доллари ИМА таъмин мекунад.

“Дар Тоҷикистон аксарияти корхонаҳо хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ буда расонидани кӯмак ба онҳо ба хотири таъмин намудани дастрасӣ ба бозорҳо ва даромади устувор дар паст кардани сатҳи фақри шадид ва баланд бардоштани пешрафти умумӣ нақши муҳим мебозад”, - гуфт Кристофер Миллер, Намояндаи доимии IFC дар Тоҷикистон. - Тавассути лоиҳаи мазкур IFC диққати худро ба афзоишдиҳии дастрасии деҳқонон ба маблағгузорӣ бо воситаи дастгирии бахши молиявӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани маҳсулоти нав ва хизматрасониҳо, ки дар самти агробизнес беназир мебошанд, равона месозад. Ғайр аз ин, мо бо ташкилкунандагони занҷири таъминот ҷиҳати дастгирии онҳо дар пешниҳоди хизматрасониҳои беҳтар ба деҳқонон ва ҳавасмандкунии сармоягузориҳои бахши хусусӣ  дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ ҳамкорӣ мекунем.”

Сандуқи ҷории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 13 лоиҳа бо уҳдадориҳои холиси 220,56 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини онро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (46 фоиз), баъдан бахши энергетика (16 фоиз), тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ (15 фоиз), идоракунии бахши давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ (11 фоиз), обтаъминкунӣ (7 фоиз), бахши хусусӣ (5 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати моҳи июни соли 2014, сандуқи сармоягузории IFC дар Тоҷикистон баробар бо 53,7 миллион  доллари ИМА мебошад, ки чунин самтҳоро ба монанди бозорҳои молиявӣ, истеҳсолот, агробизнес ва хизматрасониҳо фаро мегирад. Барномаи IFC дастгирии ҳамасолаи техникиро бо маблағи тақрибан 3 миллион доллари ИМА дар самтҳои мазкур дар бар мегирад: беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, густариш додани идоракунии корпоративӣ, ислоҳоти идоракунии андоз, дастгирии рушди бюроҳои қарздиҳӣ, дастгирии раванди гузариши муассисаҳои қарздиҳии хурд ва беҳтар намудани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар соҳаи агробизнес.