Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон» 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори беш аз 6,7 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав нерӯҳои хурди барқӣ сохта шуданд.

«Аз ҷумла нерӯгоҳҳои хурди барқии «Марзич» (бо иқтидори 4,3 ҳазор кВт), «Ширкент» (576 кВт), «Хурма» (180 кВт), «Фатҳобод» (282 кВт), «Питавкӯл» (1,1 ҳазор кВт), «Шашболоӣ» (183 кВт) ва «Сангикар» (1 ҳазор кВт) мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ дар ин нерӯгоҳҳо 11 млн. кВт нерӯи барқ истеҳсол шудааст», - гуфтанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон 29 нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар тавозуни ширкати «Барқи тоҷик» қарор доранд, ки 16-тоашон нерӯгоҳҳои хурд мебошанд.