Равуои воситаҳои нақлиёт байни вилояти Хатлону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Бино ба гуфти муовини сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон Исроил Шафиев, нимсолаи аввали соли равон шумори равуои воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон 21 ҳазору 856 ададро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 116 адад камтар аст.

Ин масъули раёсати гумруки вилояти Хатлон мегӯяд, аз ин миқдор 10 ҳазору 374 адад мошинҳои боркаш аз қаламрави кишвар ба хориҷ рафта, 10 ҳазору 764 адад ба кишвар ворид шудааст. «Ҳамчунин 353 адад воситаи нақлиёти сабукрав  берун рафта, 365 адад ворид шуд», - иброз дошт ӯ.

Шафиев зикр кард, ки дар ин давра аз тариқи дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба вилояти Хатлон 45 ҳазору 844 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши 10 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.

«Дар давраи ҳисоботӣ гардиши умумии моли тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи гумрукии вилоят 143,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион доллари амрикоӣ  ё худ 16%  камтар аст», - қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ гумрукчиёни Хатлон ба буҷети давлат 121 миллиону 575,7 ҳазор сомонӣ мабалғ ворид кардаанд, ки 108%-и нақшаи пешбинишударо ташкил додааст ва нисбати шашмоҳаи соли гузашта 11,5 миллион сомонӣи зиёд мебошад.