Ахири моҳи август бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, давоми моҳи август агрегати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ комилан барои кор омода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур ноҳияи Исмоили Сомониро бо оби гарм ва дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои бунёди зербино барои интиқоли гармиву оби гарм ба сокинони ин ноҳия дар арафаи анҷромёбист. «Ҳамзамон комиссияи махусе амал мекунад, ки омодагии тамоми иншооти ин ноҳиярро барои қабули обу гармӣ месанҷад», - гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи майи соли ҷорӣ бинобар сабаби афзоиши нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обиву барқии ҷумҳурӣ, дар МБГ Душанбе-2 истеҳсоли он боздошта шуд.

Навбати аввали ин иншоот бо иқтидори 50 МВт аввали соли равон мавриди истифода қарор гирифт Бо анҷоми навбати дуюми лоиҳа иқтидори он ба 100 МВт мерасад. Лоиҳаи сохтмони маркази мазкур аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Чин амалӣ мегардад.