Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов изҳор гардид, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳадафмандона ҷиҳати ҳалли мушкилот дар бахши нақлиёт талош меварзад.

Дар ин робита Қодири Қосим зикр кардааст, ки дар мавриди ин масъала ҳукумати Тоҷикистон бо як қатор ниҳодҳои молии байнулмилалӣ гуфтушунид дошта, ба баъзе пешравиҳо дар ин самт ноил гардидаст.

«Аз ҷумла дар масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон гуфтушунидҳо ҷараён доранд», - гуфтааст ӯ.

Қодири Қосим таъкид доштааст, ки Турманистон сохтмони қисмати роҳ дар қаламрави худро ба итмом расонида, маблағгузории қисмати роҳ дар Афғонистонро Бонки ҷаҳонӣ ба зимма гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми марти соли 2013 зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.