То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 620 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони зиёда аз 225 ҳазор гектар (77%) ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар қариб 29 сентнерро ташкил медиҳад. «Айни замон ба ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 227 адад мобайн сафарбар шудааст», - гуфтанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор гектар кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.