Роҳбари мудирияти сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа Абдулфайз Холиқов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки сохтмони нақбу пулҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон моҳи сентябри соли равон оғоз мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин қитъаи роҳи оҳан сохтмони се нақби бузург бо масофаи 3,7 километр ва ҳамчунин панҷ пул бо масофаи 712 метр ба нақша гирифта шудааст.

Холиқов қайд кард, ки барои амалисозии ин корҳо аввали соли равон «Эксимбонк»-и Чин дар ҳаҷми ҳудуди 60 млн. доллари ИМА воситаҳои қарзӣ ҷудо кардааст. «Ба сохтмони ин иншоот ширкати «Раёсати 19-уми роҳи оҳани Чин» машғул мешавад», - иброз дошт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки айни замон аз ҷониби ин ширкат корҳои лоиҳакашаву таҳқиқотӣ ҷараён дошта, бевосита корҳои сохтмонӣ 9-уми сентябр – санаи таҷлили ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти кишвар шурӯъ мешаванд ва тибқи тавофуқоти ҳосилшуда бо ширкат, сохтмони иншооти зикршуда бояд дар муддати 2 сол ба итмом расанд.

Дар ҳамин ҳол, Холиқов таъкид дошт, ки айни замон сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон идома дорад, ки масофаи умумиаш 40,7 километрро ташкил медиҳад. «Ба сохтмони ин қитъаи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа 8 ширкати гуногун машғул буда, паймонкори кулли сохтмон ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Ҳамаи корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дошта, то имрӯз 40%-и корҳо ба иҷро расиданд. Аллакай 8,4 километри роҳ – 5,2 километр аз самти Ваҳдат ва 3,2 километр аз самти Ёвон сохта шуд», - изҳор дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан беш аз 500 нафар машғули кор буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо на камтар аз 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Ҳамчунин ба сохтмони ин қитъаи роҳ зиёда аз 80 адад техникаи роҳсозии гуногун сафарбар шудаанд», - афзуд Холиқов.

Қобили зикр аст, ки комилан ба итмом расидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардид, ҳарчанд лоиҳаи сохтмони ин иншоот ҳанӯз соли 1967 таҳия гардида буд. Масофаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 46,3 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа бунёди се нақб, панҷ пули бузург ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бо анҷоми сохтмони ин қитъа ба пайваст кардани роҳҳои оҳани дохили Тоҷикистон қадами аввал гузошта мешавад. Минбаъд роҳандозии ҳаракати воситаи нақлиёт тариқи роҳи оҳан миёни минтақаи марказ ва шимоли кишвар дар назар аст.