Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии суръати рушди иқтисод  дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордоштаро пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши рӯзи 9 июл интишоршудаи Хазина таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон»   дар ин робита зикр мегардад, ки дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта суръати рушди иқтисод аз 4,6%-и соли 2014 то ба 4,2% поин меравад. Ин поинравӣ таъсири боздорандаи нархҳо ба молҳои биржавӣ ва шартҳои бештар шадидтари молиявии хориҷиро таҷассум месозад.

Гуфта мешавад, соли 2016 суръати афзоиш дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта то 4,7% асосан аз ҳисоби шароитҳои пешгӯишавандаи беҳбуди иқтисод дар чанде аз кишварҳои дар мушкилот қарордошта, аз ҷумла Русия боло меравад.

Мутобиқи пешгӯиҳои Хазинаи байнулмилалии асъор, рушди иқтисод дар давлатҳои ИДМ соли 2015 то 2,2% суст шуда, соли оянда 1,2% афзоиш меёбад.