Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и фаронсавии «Ашан» ба таҳвили маҳсулоти ғизойӣ ва дигар молҳо аз Русия ба Тоҷикистон шурӯъ кард.
«Дар остонаи ифтитоҳи мағозаи аввали «Ашан сити» дар Душанбе интиқоли санҷишии маҳсулоту борҳо аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт. Беш аз 80%-и маҳсулоти бори нахуст интиқолдодашуда ба Тоҷикистонро ширкатҳои русиягӣ истеҳсол кардаанд», - хабар додааст рӯзи панҷшанбе хадамоти матбуоти Aushan ба ВАО-и Русия.
Ин миқдори санҷишии борҳои интиқолёфтаи ширкат ба Тоҷикистон аз маҳсулоти мавриди ниёзи умумӣ ва нӯшокиҳо иборат буда, миқдори минбаъдаи маҳсулоту борро шабака моҳи ноябри соли 2015, ҳангоми омодагирии фаъол ба ифтитоҳи гипермаркет интиқол доданист.
Айни замон Aushan тамоми ҷараёни марбут ба таҳвили маҳсулоту бор, аз ҷумла аз назорати фитосанитарӣ ва расмиёти гумрук гузаштани онҳоро санҷида ва пайгирӣ мекунад.
«Интиқоли маҳсулоту бор мувофиқи қоидаҳои сершумор танзим мешавад. Масалан, барои тасдиқи кишвари истеҳсолкунандаи бор ва гирифтани имтиёзот зимни воридот ва расмиёти гумрук, метавонад пешниҳоди то 20 ҳуҷҷат аз таҳвилкунандаи барои 1 номгӯи мол талаб карда шавад», - гуфта мешавад дар хабар.
Аввали соли равон дар ин робита иттилоъ дода будем, ки яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид.
Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи гипермаркет таҳти тамғаи «Ашан» дар Душанбе давоми ҳамин сол дар назар буд, вале лоиҳаи мазкур ба мушкилоти марбут ба андозбандӣ зимни воридоти таҷҳизот ба ҷумҳурӣ дучор гардид. Айни замон ин мушкилот ҳал шуда, гипермаркет яқинан баҳори соли оянда ба фаъолият оғоз мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим ба бунёди нахустин гипермркет дар Тоҷикистон 7 млн. евроро ташкил медиҳад. Майдони ин мағоза 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, навъи маҳсулот аз 12 ҳазор адад иборат хоҳад буд.
Гипермаркети мазкур нахустин дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, имкон дорад, ки дар мағозаи нахустин 300 нафар кормандони маҳаллиро бо кор таъмин намояд. Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, пас аз ифтиоҳи гипермаркет ҳаҷми муомилоти он дар соли 2016 ба 270 млн. сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми андоза аз арзиши иловашуда 41 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.
Ҳамчунин моҳи март ВАО-Русия иттилоъ дода буданд , ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст дод.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста