Рӯзҳои 9-13 январи соли равон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм лагери иқтисодӣ баргузор гашта истодааст, ки  дар он 126 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ),  ғолибони даври аввали лоиҳаи “Ояндаатро имрӯз бисоз” иштирок доранд.


Ин лагери иқтисодӣ  бо иқдоми ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ ва бо дастгирии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Иҷрокунандаи лоиҳа Маркази таълимии “Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия” ба ҳисоб меравад.


Мақсади асосии лоиҳа ва баргузории лагери иқтисодӣ муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, омӯзиш ва мукаммал намудани  малакаи соҳибкорӣ барои ҷавонон буда, қисми ҷудонашавандаи Лоиҳаи “Вусъат додани имкониятҳои ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ” мебошад.


Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Роғун, Файзобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Душанбе дар доираи кори лагери иқтисоди ба гурӯҳҳои хурди 5-нафарӣ ҷудо шуда, оид ба навиштани нақшаи тиҷорат, нашаи маркетинг, нақшаи истеҳсолӣ, ҳисобу китоби арзиши аслӣ донишу малакаи хешро вусъат дода, нақшаи тиҷорати худро таҳия месозанд ва дар ҷамбаст онро назди намояндагони институтҳои молиявии кишвар муаррифӣ менамоянд.


Хотирррасон менамоем, ки ҳамин гуна лагери иқтисодӣ барои 138  нафар ҷавонони вилояти Суғд рӯзҳои 3-7 январ дар осоишгоҳи «Шохин»-и Бонки миллӣ баргузор карда шуд. Рӯзҳои 17-21 январ чунин чорабинӣ барои 140 нафар ҷавонони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд.