Моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, болоравии нарху тарифҳо ба аввали моҳи декабр то ба 6,3 фоиз расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,3 фоизро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз пасттар мебошад.

Мизони таварруми солона (12 моҳи охир) 6,7 фоизро ташкил дода, «тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллӣ барои давраи миёнамуҳлат наздик мешавад».

Қайд мешавад, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ мушоҳида мегардад.

Сатҳи начандон баланди таваррумро дар Бонки миллӣ ба сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ ва коҳишёбии хавфҳои асъорӣ нисбат медиҳанд, ки боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардида, таъсири мусбат расонид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум то охири соли равон дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда (7,0 фоиз) ҷамъбаст гардад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.