Соли 2017 аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12 млрд. 906 млн. доллар маблағ фиристода шуд.
Миёни кишварҳои ИДМ аз Русия маблағҳо аз ҳама бештар ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фиристода шуданд, ки мутаносибан дар зианҳои аввал қарор доранд.

Байни кишварҳои Иттиҳод Ӯзбекистон пешсаф аст. Соли гузашта ба ин кишвар тариқи низомҳои интиқоли пул 3 млрд. 902 млн. доллар маблағ фиристода шудааст.
Давоми соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешини 2016 ба миқдори 600 млн. доллар зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта маблағи як интиқоли пулӣ ба ҳисоби миёна 98 долларро ташкил додааст.
Сохтори асъории интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи зайл аст: 83% - рубли русӣ, 16% - доллари ИМА ва 0,1% - евро.
Аз рӯи интиқоли маблағ баъди Ӯзбекистону Тоҷикистон Қирғизистону Арманистон ҷойгиранд, ки соли 2017 ба ин кишварҳо мутаносибан 2 млрд. 211 млн. ва беш аз 1 млн. доллар маблағ равона гардидааст.
Маблағи аз ҳама камтарин ба Туркманистон фиристода шудааст, ки ҳамагӣ ба 2 млн. доллар баробар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста