Сатҳи нисбатан баланди таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон аз оғози сол моҳи май ба қайд гирифта шуд: моҳи гузашта нарху тарифҳои хизматгузорӣ 0,6% боло рафтанд.
Сатҳи солонаи таваррум (12 моҳи охир) ба охири моҳи май 1,7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Болоравии нархҳои истеъмолӣ аз оғози сол (давоми панҷ моҳ) 0,4%-ро ташкил дод. Ин ба он вобаста аст, ки тӯли моҳҳои феврал ва марти соли равон поинравии нарху тарифҳо ба мушоҳида расида буданд.
Ҷараёни думоҳаи коҳиши нарху тарифҳои хизматгузорӣ моҳи апрел ба итмом расида, ин моҳ мизони таваррум ба 0,5% баробар шуд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста