Аввалин Бонки молиявии хурд имконоти истифода аз хизматрасониҳои интиқоли маблағ ва мубодилаи асъорро барои мизоҷон васеътар намуд. Акнун мизоҷон ба интиқол ва қабули маблағ дар реҷаи 24/7, яъне шабонарӯзӣ ва бидуни рӯзҳои истироҳат имкон пайдо карданд.

Хизматрасонии шабонарӯзӣ дар филиали бонк дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Шевченко, 113 (назди «Танк») боз шуд.

Мизоҷ маблағро тариқи низомҳои Золотая Корона, Контакт, ВестернЮнион, Близко, МаниГрам ва Юнистрим қабул ё фиристода метавонад.

Аввалин Бонки молиявии хурд бонки тиҷоратӣ буда, фаъолияташ ба пешниҳоди хизматгузориҳои хушсифат ва саривақтӣ ба мизоҷон нигаронида шудааст. Бонк дорои шабакаи васеи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар саросари ҷумҳурӣ мебошад.

Аввалин Бонки молиявии хурд – Шарики Рушди Шумо!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.