Дар гидроагрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун давоми якуним моҳи кор 3 баробар аз барқи истеҳсолшуда соли 2018 дар ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар барқ истеҳсол шуд.
Дар Тоҷикистон 286 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 26,7 МВт амал карда, соли гузашта дар онҳо дар ҳаҷми каме бештар аз 33 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Дар агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун, ки 16 ноябри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт, то 1 январи ҳамин сол 90,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд.
Тибқи маълумоти Вазорат, соли гузашта бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳаҷми рекордӣ – 19,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ (пеш аз ин 18,6 млрд. кВт/соат – соли 1988) истеҳсол шудааст.
Ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсолшуда соли 2018 дар корхонаҳои зертобеъи ширкати “Барқи точик” – беш аз 16,2 млрд., нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 – наздики 2,4 млрд., Сангтӯда-2 – 826,4 млн., нерӯгоҳҳои ширкати “Помир энержи” – 184 млн. кВт/соатро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввал агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор мекунад. Тадриҷан бо болоравии сатҳи об дар обанбор, то ба нишондиҳандаи лоиҳавии 600 Мвт расидани он дар соли 2033 дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.