Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов бо гуруҳе аз соҳибкорони тоҷик дурнамои ҳамкориҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак ва роҳандозии истеҳсоли техникаро баррасӣ кард.

Хабар дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони тоҷику ӯзбек ширкати нави истеҳсолӣ таъсис ёфтаву ояндаи наздик ба истеҳсоли техникаи ангиштканӣ ва боркашонӣ шурӯъ менамояд.

Рушди босуръати тиҷорат байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи нав баромад: соли гузашта сармоягузорони ҳамсоякишвар ба иқтисоди Тоҷикистон 5,4 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд.

Ин нуктаро зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 феврал раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, сармояи Ӯзбекистон ба рушди хоҷагии қишлоқ, паррандапарварӣ ва боғпараварӣ равона карда шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар 4 соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14,9 млн. доллари соли 2015 то ба 281,5 млн. доллар дар соли 2018 расид. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, танҳо соли 2018 аз ҷумҳурии мо ба ҳамсоякишвар ба маблағи 155,3 млн. доллар молу маҳсулот содирот шудааст.

Муҳимтарин омиле, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба такон бахшид, сафарҳои дуҷонибаи президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар аст, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи садҳо миллион доллар ба тасвиб расиданд:

 “Барои рушди ҳамкорӣ ҳоло мо имкониятҳои зиёди дигар дорем. Корро бо ҳамин суръат идома дода, ҳаҷми муомилоти молро то ба 500 млн. доллар мерасонем. Дар асл бошад, имконоти мо – ҳадди ақал, 1 млрд. доллар аст”, - гуфта буд Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд.

Корхонаи муштараки истеҳсолӣ таъсис ёфт

Маълумот дар бораи афзоиши босуръати сармоягузорӣ ва муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоле садо дод, ки аввали ҳафтаи сипаришуда соҳибкорони тоҷику ӯзбек аз таъсиси боз як корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба маълумоти дастрасшуда, “Ширкати муштараки истеҳсолии “Ориён УзАгро” аз ҷониби Ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Ориён Инвест” ва Ҷамъияти саҳомии “Узагротехсаноатхолдинг” бо ҳадафи бунёди корхонаи истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Зимни мулоқоти намояндагони ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ояндаи наздик ба бунёди чунин як корхона дар канори пойтахти Тоҷикистон шурӯъ менамоянд:

“Дар зимни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соҳибкорони ҳарду кишвар имкониятҳои зиёди таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва ҷалби сармоя ба кишварҳои ҳамдигарро доранд. Ҳадаф аз таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар амал татбиқи намудани созишномаҳоест, ки дар ҷараёни сафарҳои сарварони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои ҳамдигар ба тасвиб расиданд”, - гуфт Саидисматулло Валиев, Директори генералии ШИИ “Ориён Инвест”.

“Талаботи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ба техникаи кишоварзиро ба инобат гирифта, тасмим дорем, дар марҳилаи аввал корхонаи истеҳсоли техникаи кишоварзиро бунёд намуда, истеҳсоли якчанд навъи ин гуна техникаву таҷҳизотро ба роҳ монем. Ояндаи наздик ҳаҷми сармояи барои ин лоиҳа пешбинишуда эълон хоҳад шуд”,-гуфт дар навбати худ Ҳасан Насибов, намояндаи Ҷамъияти саҳомии Ҷамъияти саҳомии “Заводи техникаи кишоварзии Тошканд” (“Узагротехсаноатхолдинг”).

Масъулони ширкати навтаъсис мегӯянд, бо оғози татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар марҳилаи аввал беш аз 120 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд меояд, ки асосан аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ хоҳад буд. Дар назар аст, ояндаи наздик ҷиҳати тайёр ва роҳхатдиҳии мутахассисони техникаи кишоварзӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шавад.

Сафири Ӯзбекистон: Аз мо ҳаминро интизоранд

Айни ҳамин мавзӯъ дар мулоқоти роҳбарияти Ширкати “Ориён Инвест” бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳам баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин мулоқот, ки рӯзи 15 феврал баргузор шуд, ҷонибҳо дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолиро баррасӣ карданд:


“Сафорат иқдоми Ширкати “Ориён Инвест”-ро вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳо бо доираҳои тиҷоративу сармоягузории Ӯзбекистон ва бахусус, таъсиси ширкати муштараки истеҳсолиро истиқбол менамояд. Мо ҳавасманд ҳастем, ки соҳибкорони ҳарду кишвари ҳамсоя ҳамкориву робитаҳои худро беш аз пеш таҳким бахшанд. Иқдоми пешгирифта имконияти хуби рушди ҳамкориҳост”,-гуфт Сафир.

Шоисматов пешниҳод кард, ки ҷонибҳои ҳамкор ба таъсиси ширкати муштараки истеҳсолӣ маҳдуд нашуда, имкониятҳояшонро дар бахшҳои дигари тиҷорат ва сармоягузорӣ истифода баранд:

“Роҳбарияти давлатҳо ва мардумонамон аз мо ҳаминро интизоранд, ки барои рушди ҳамкориҳо саҳмгузор бошем, корхонаҳо таъсис диҳем, ҷойҳои нави корӣ созмон диҳем. Дар ин сурат ба ҳадафҳои бузурги созандагиву бунёдкории давлату ҳукуматҳоямон мерасем”, - афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти Сафир, “Узагротехсаноатхолдинг” яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии ҳамсоякишвар буда, соли 2016 дар асоси Фармони Президенти Ӯзбекистон бо якҷоясозии се ширкати истеҳсолӣ - ҶС “Узагротехмаш”, ҶС “Узагролизинг” ва ҶС “Узагросервис” таъсис ёфт. Ба гуфтаи ӯ, заводҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар Ҷирҷиқу Тошканд, ҶС “Заводи агрегатӣ”, “Технолог” ва “Урганҷторгмаш”, ҳамчунин ширкати “UzCLAASAgro”, “Лемкен-Ҷирҷиқ”, “УзКейсмаш” ва “Амкодор-Агротехмаш” ба сохтори “Узагротехсаноатхолдинг” дохил буда, дар соли 2018 ин корхонаҳо 11 ҳазору 570 адад техникаи кишоварзӣ истеҳсол кардаанд:

“Айни замон “Узагротехсаноатхолдинг” беш аз сад навъи техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ва махсус истеҳсол мекунад. Баъди таъсиси ин ширкат дар Ӯзбекистон “Консепсияи рушди минбаъдаи мошинсоз дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ барои давраи солҳои 2020-2024” (Концепция дальнейшего развития отрасли сельскохозяйственного машиностроения Республики Узбекистан на период 2020-2024 гг.) қабул шуд, ки ҳадафи аслияш таъмини кишвар бо трактору комбайн ва дигар техникаҳои кишоварзӣ маҳсуб мегардад. Баъди қабули Консепсия, истеҳсоли техникаи соҳавӣ, аз ҷумла трактору комбайнҳо панҷ маротиба афзуда, ҳамчунин садҳо адад ба кишварҳои дигар содирот шуд”, - маълумот дод Шоисматов ба ҳайати “Ориён Инвест”.

Дар ҳамин ҳол, бино ба Консепсияи мазкур, бо мақсади маблағгузории татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва барномаи беҳтарсозии истеҳсолӣ соли равон аз ҳисоби Бонки “Асака” 109,5 миллион доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин 68,2 миллион доллар бевосита барои фаъолияти сармоягузорӣ равона карда мешавад.

Сафир дар идомаи суҳбаташ афзуд, ҳадафи асосӣ аз роҳандозии ҳамкории истеҳсолӣ бо Ширкати “Ориён Инвест” ин аст, ки созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои президентҳои ҳарду кишвар дар соли гузашта тасвиб шуданд, дар амал татбиқ карда шаванд.

“Узагротехсаноатхолдинг” сармоягузорӣ мекунад

Тибқи Консепсияи мазкур, ки чанде пеш дар матбуоти расмии Ӯзбекистон нашр шуд, то охири соли 2018 дар он кишвар норасоии беш аз 200 ҳазор техникаи хоҷагидорӣ (навъҳои гуногуни тракторҳо, комбайн ва ғайра) ба назар мерасид:

“Ба ҳолати 1 ноябри соли 2018 парки асосии техникаи хоҷагидории Ӯзбекистон 176 957 адад ҳисоб шудааст, ки аз он 109 157 адад фарсудашуда (бо муҳлати истифодаи 11 сол ва аз он бештар) ҳисобида мешавад. Ин ҳолат дар мавсими пешбурди корҳои агротехникӣ норасоии 202 145 адад техникаро ба вуҷуд меорад”, - гуфта шудааст дар Консепсия, ки аз ҷониби “Узагротехсаноатхолдинг” омода гардидааст.

Бо дарназардошти ин ҳолат, бино ба маълумоти finance.uz, ин ширкат тасмим дорад, ки дар маҷмӯъ, дар солҳои наздик лоиҳаҳои бузургро бо маблағи умумии $127,9 млн. татбиқ намояд. Хабар дода мешавад, ки ин “саховатмандӣ”-и “Узагротехсаноатхолдинг” аллакай таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории як қатор кишварҳои Осиёву Аврупоро ҷалб кардааст. Аз ҷумла, бино ба хабарҳо, то ин замон бо ҳадафи татбиқи лоилаҳо бо “Амкадор”, “Бобруйскагромаш” (Белорусия), LSMtron (Кореяи ҷанубӣ), “Ростсельмаш” (Русия) ва KUHN (Фаронса) корхонаҳои муштарак таъсис ёфтаву ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ҳамчунин, ширкати FSM Traktor (Туркия) эълон намудааст, ки дар Ӯзбекистон ба истеҳсоли трактор шурӯъ мекунад.

Ба таъкиди Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, маҳз дар ҳамин ҳолат ва бо дарназардошти муайян будани манбаъи сармоягузорӣ, муҳимияти таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон эҳсос шудаву барои татбиқи ҳадафҳои муштарак шароити мусоид фароҳам аст.

Ба гуфтаи Ҳасан Насибов, дар назар аст, ки лоиҳаи муштарак бо Ширкати тоҷикистонии “Ориён Инвест” аз ҳисоби ҳамин маблағҳои сармоягузоришавандаи “Узагротехсаноатхолдинг” татбиқ гардида, ин корхона ба истеҳсоли тракторҳои борбардору боркашонӣ ва техникаи махсус машғул шавад. Ба гуфтаи ӯ, афзалияти ин навъи техникаҳо, қабл аз ҳама, дар замонавӣ ва камхароҷот буданашон аст:

“Техникаҳои пешбинишуда дар қиёс бо истеҳсолоти хориҷӣ хароҷоти камтар, аммо дар айни замон сифати беҳтари кор доранд ва аз ҷиҳати борбардориву боркашонӣ самараноканд. Ҳамзамон, қисмҳои эҳтиётиашон дастрасу арзонанд. Барои хоҷагидорӣ, ангиштканӣ, кор дар конҳову куҳканӣ ва соҳаи кишоварзӣ маҳз ҳамин камхароҷотиву дастрасии техника муҳиманд”,-шарҳ дод ӯ.


Зимни мулоқот намунаҳое аз тракторҳои барои борбардорӣ ва ангиштканӣ махсус гардонидашуда муаррифӣ карда шуд, ки истеҳсолашон дар Тоҷикистон ҳам пешбинӣ шудааст.

Имкони содирот ҳам ҳаст

Ба гуфтаи масъулони Ширкати “Ориён Инвест”, муҳимияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ӯзбекистон на танҳо ба он марбут аст, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсолӣ таъсис дода ва истеҳсолот ба роҳ монда мешавад:

“Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар самти истеҳсолоти техникаву мошинолоти соҳаи кишоварзӣ, парки техникии Ӯзбекистон бештар ба техникаи соҳавӣ эҳтиёҷ дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад. Дар чунин вазъ умед бастан ба ин ки Тоҷикистон воридоти техникаи соҳаи кишоварзиро аз Ӯзбекистон бештар кардаву ба ин васила эҳтиёҷоташро то андозае бароварда месозад, роҳи ҳалли масъала дониста намешавад. Тавассути ба роҳ мондани истеҳсолоти муштарак дар дохили ҷумҳурӣ мешавад, ки мушкилро то андозае ҳал кард. Ҳамзамон ба ин ки метавонем барои талаботи дохилӣ техникаи кишоварзӣ тавлид намоем, имкон ҳаст, ки дар дурнамо содирот ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Афғонистонро ба роҳ монем”, - мегӯянд дар ин Ширкат.

Зимни таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби “Ориён Инвест” пешниҳод шудааст, ки дар марҳилаи аввал ба истеҳсоли техникаи ангиштканӣ авлавият дода шавад:

“Бо дарназардошти ин ки талабот ба ангишт сол ба сол меафзояд ва ниёзмандӣ ба техникаи соҳавии махсугардонидашуда барои кандан, бор кардан ва кашонидани ангишт бештар аст, пешниҳод кардем, ки ба истеҳсоли ин навъи тракторҳо авлавият диҳем. Аз ҷониби дигар, ин навъи тракторҳо ҳамзамон аз лиҳози техникаи коркард манфиати бештар доранд”, - шарҳ дод Саидисматулло Валиев ҳадафи ин пешниҳодро.

“ТАЛКО-КРАНТАС” фаъол аст, “Artel” ҳам меояд

Ва аммо ин ниҳояти ҳамкории муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар истеҳсоли техника нахоҳад буд. Бино ба хабарҳо, ояндаи наздик Ширкати истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи Ӯзбекистон “Artel” истеҳсоли яхдонҳоро дар шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад. Гуфта мешавад, ин лоиҳа дар асоси қарордоде амалӣ мешавад, ки байни ҷонибҳо дар ҷараёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рӯзҳои 17-18 август ба даст омада буд.

Айни замон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО-КРАНТАС” фаъолият мекунад, ки марҳилаи аввали он зимни боздиди президенти Ӯзбекистон дар моҳи сентябри соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин корхона, ки аз ҷониби КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) ва ҶДММ “КРАНТАС ГУРУҲ” таъсис дода шудааст, асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Ориён Инвест”, ки аз ҷониби Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” бо ҳадафи ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст, айни замон дар алоҳидагӣ ва ба таври муштарак лоиҳаҳои бузургеро амалӣ карда истодааст, ки татбиқи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии ҶСК “Нуриҳои Осиё” (собиқ ҶСК “Азот”) дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиён, сохтмони корхонаи бузурги истеҳсоли шиша ва маҳсулоти шишагин дар вилояти Суғд, бунёди маҷмааи биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Ба гуфтаи Саидисматулло Валиев, Ширкат тасмим дорад, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, татбиқи якчанд лоиҳаи ҳаҷман бузургро ба анҷом расонад.