Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаи амалисозии лоиҳаи Digital CASA Tajikistan-ро баррасӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, лоиҳаи Digital CASA Tajikistan ба рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст.

Лоиҳаи Digital CASA Tajikistan тобистони соли 2017 дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ҳадафи амалисозии он пайваст шудани хати дорои нахи оптикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба хати ягона унвон мешавад.

Он замон чанде аз ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ изҳор дошта буданд, ки хоҳиши маблағгузориро ба ин лоиҳа доранд.

Digital CASA – лоиҳаи монанд ба лоиҳаи энергетикии CASA-1000 мебошад.

Ҳадафи лоиҳа дар пайваст кардани хатҳои дорои нахи оптикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ифода меёбад. Иштирокчиёни имконпазири лоиҳа - Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон номида мешаванд.

Натиҷаи минбаъдаи барнома аллакай муайян аст: сокинони минтақаи ҷануби пасошӯравӣ аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ ба интернети арзону хаташ васеъ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.