Тарифҳои нави гармидиҳӣ барои таъминкунандагони он дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон ба таври назаррас боло мераванд.

Тарифҳои нав ба нерӯи гармӣ бо қарори аз 22 июни соли ҷорӣ қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст.

Мувофиқи ин қарор, арзиши нерӯи гармӣ барои муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” (ШГД), ки аҳолии пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунанд, ба андозаи 93,8% боло меравад.

Дар мавсими ояндаи гармидиҳӣ муассисаи ШГД ба истеҳсолкунандагони нерӯи гармӣ (Марказҳои барқу гармидиҳӣ, МБГ) барои ҳар як Ккал 17 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Мавсими соли гузашта ин рақам барои 1 Гкал 8,77 сомониро ташкил медод.

Барои гармидиҳӣ аҳолии шаҳри Душанбе чӣ қадар маблағ пардохт мекунад, алҳол маълум нест. Нархи нерӯи гармӣ барои аҳолиро таъминкунандаи он - Шабакаҳои гармидиҳӣ бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа намуда, сипас Хадамоти мазкур нархи ниҳоии онро муқаррар месозад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта нархи нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе қариб ба андозаи 15% (аз 7,63 сомонӣ то ба 8,77 сомонӣ) боло рафта, лекин ба аҳолӣ бо арзиши пештара (1,03 сомонӣ барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил) фурӯхта мешуд.

Дар ҳамин ҳол, аз тирамоҳи соли равон арзиши 1 Гкал нерӯи гармӣ барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ  мешаванд, ба андозаи 46,3% : аз 67,44 то ба 98,67 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда дар мавсими нави гармидиҳӣ лозим меояд, ки барои нерӯи гармӣ қариб 11 маротиба зиёдтар маблағ пардохт кунанд. Қаблан онҳо барои 1 Гкал ҳамагӣ 2,59 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд, акнун аз 1 сентябр ин маблағ - 113,47 сомониро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки шабакаи гармидиҳии мутамарказ танҳо дар Душанбе амал карда, дар ҳамин ҳол, танҳо қисмате аз шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамасола нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли минбаъда давом мекунад.

Ба аҳолии пойтахт нерӯи гармӣ аз ҷониби муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” интиқол дода мешавад, ки дар навбати худ онро аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ (воҳидҳои тобеъ ба ширкати “Барқи точик”) мехарад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.