Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки таҳияаш дар арафаи анҷомёбист, пешбинӣ мешавад, ки соли оянда ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар 4 млрд. 836 млн. долларро ташкил хоҳад дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли 2021 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. долларро ташкил дода, соли 2022 ба 5,3 млрд. доллар мерасад.

Таҳиягарони лоиҳаи буҷет пешбинӣ мекунанд, ки маблағи умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар соли 2020  - ба наздики 1,3 млрд. доллар ва воридот - ба 3,5 млрд. доллар баробар мешавад.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 136,9 млн. доллар (афзоиш - 3,8%), аз ҷумла содирот - 570,6 млн. доллар ва воридот 1 млрд. 566,3 млн. доллар (афзоиш - 2,3%)-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.