Бонки исломии рушд (БИР) барои амалисозии ду лоиҳаи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон 80,3 млн. доллар маблағ ҷудо намуда, ҳамчунин барои таҳияи асосноккунии иқтисодиву техникии боз як лоиҳа аз лиҳози техникӣ кумак мекунад.

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон, маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ ва Созишномаи чорчубавӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон», Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» ва Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳод намудани кумаки техникӣ байни Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа оид ба таъсиси кластерҳо барои коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳисор баргузор гардид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, созишномаро аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон - вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Исломии Рушд - директори минтақавии Бонк оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Маъруф Ҳишам ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон маблағи 26,87 млн. долларро ташкил медиҳад. Мақсади Лоиҳа таҷдид ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин насби таҷҳизоти муосир дар марказҳои тиббӣ дар ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон ва баланд бардоштани иқтидори кормандони тиб тавассути баргузории курсҳои омӯзишӣ мебошад.

Маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон», ки мақсади он беҳтар намудани вазъи шароити зиндагонии сокинони деҳот тавассути беҳтар намудани идоракунии захираҳои обие, ки ба тағйирёбии иқлим устувор мебошанд, 53,50 млн. доллар ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки инчунин, БИР маблағи 280 ҳазор доллар ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ маблағи 100 ҳазор долларро барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа оид ба таъсиси кластерҳо барои коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳисор пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.