Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Roud) дар қаламрави ВМКБ 9 пули автомобилгард месозад.
Маълумот дар бораи интихоби ин ширкат ба сифати паймонкор дар сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Гуфта мешавад, бунёди ин иншоот дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таҳкими зерсохтори муҳимтарин барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ” сурат мепазирад.
Сохтани пулҳо дар муҳлати 18 моҳ дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии қарордод наздики 76,2 млн. сомонӣ (7,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар даври ниҳоии озмун оид ба интихоби паймонкори лоиҳаи зикршуда ба сурати умум панҷ ширкат – Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чин); ҶДММ «Мостоотряд» (Тоҷикистон); Синохидро Корпорейшн Лимитед (Чин); ООО «Интеграл» (Тоҷикистон) ва Ширкати сохтмонии ҷанубӣ (Лубнон) иштирок кардаанд.
China Road ширкати дар Тоҷикистон маъруфест, ки тибқи фармоиш корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мошингардро аксаран бо маблағҳои қарзии аз ҷониби ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ҷудошуда анҷом медиҳад.
Аз ҷумла, корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистонро ҳамин ширкат ба уҳда дошт.
Қаблан зикр гардида буд, ки барои таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 92 километр аз Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон ҳукумати Чин ба Тоҷикистон 230 млн. доллар грант ҷудо мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста