Айни замон оид ба ҷудо шудани грант аз ҷониби Чин барои таъмиру навсозии қитъаи роҳ аз ноҳияи Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон, гуфтушунид ҷараён дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.
Муовини аввали вазир қайд кард, ки мутахассисони Чин ҷиҳати таҳияи санади асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин қитъаи роҳ ба наздикӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Бино ба гуфтаи Мирзозода, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи масофааш 92 километр 230 млн. доллар маблағ зарур аст.
Ӯ таъкид дошт, ки дар ин қитъаи роҳ сохмтони ду нақб ба нақша гирифта шудааст.
“Бо итминон гуфта метавонам, ки баъди се-чор сол корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ ба итмом расида, он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳад буд”, - иброз дошт муовини аввали вазири нақлиёт.
Ғайр аз ин, қайд кард Мирзозода, оид ба таъмиру навсозии қитъаҳои роҳҳои Ширговад - Дарвоз ва Кӯлоб - Шӯроободи роҳи мошингарди Душанбе -Хоруғ - Қулма аллакай корҳо оғоз шудааст.
Ҳамчунин, ба қавли ӯ, оид ба интихоби ширкати паймонкор барои сохтмони 18 пули нав дар қаламрави ноҳияҳои гуногуни ВМКБ низ корҳо ҷараён доранд.
Илова бар ин, таъкид дошт ӯ, дар қаламрави ВМКБ аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ корҳои таъмир роҳандозӣ шуда, барои дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани вазъи роҳҳо техникаи роҳсозӣ харида мешавад.
Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи роҳҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба минтақаҳо таъмиру навсозӣ шуда, аммо роҳҳои ВМКБ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз минбаъд ба дохили ВМКБ дар ҳолати нимахароб боқӣ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, лоиҳаҳо оид ба таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ (80 км, 238 млн. доллар) ва Ванҷ - Хоруғ (163 км, 200 млн. доллар) муддати тӯлонист, ки байни лоиҳаҳои ояндадори Вазорати нақлиёт боқӣ мемонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста