Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Ҳокимшо Бобозода раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин шуд. То ин таъинот ӯ ба ҳайси директори МД ““Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” фаъолият мекард.

Бо қарорҳои ҳукумат дар робита ба табдили МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” ба КВД “Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, Бобозода аз вазифаи директори Фонд озод шуда, раиси Раёсати бонки нав таъин гардид.

Қаблан тибқи қарори ҳукумат, ба бонки нав дастур дода шуд, ки ҷиҳати дарёфт намудани иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунад.

Вазорати молия ба пешбинӣ кардани маблағи муайян дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои зиёд кардани фонди оиномавии “Саноатсодиротбонк” уҳдадор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.

“Барои фаъолияти пурсамар ҳамасола ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатиро ба ин бонк афзудан лозим аст”, - гуфт президент.

Нимаи моҳи феврали соли равон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонки таъсисмеёфта корҳо ҷараён дошта, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ баррасӣ мешаванд.

“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад” - иброз дошт ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, номгӯйи амалиёте муайян карда мешавад, ки ба воситаи ин бонк анҷом доданаш имконпазир бошад.

“Мо ягона бонки давлатӣ – “Амонатбонк” дорем. Дар робита ба шароити имрӯзаи бахши бонкии кишвар намехоҳем, ки ҳамаи сарбориву душвориҳо бар дӯши як бонк вогузор шавад. Аз ин рӯ, шароит муҳайё месозем, ки боз як бонки давлатии дигар ба кор даромада, ба соҳаҳои воқеии иқтисод маблағгузорӣ кунад”, - гуфт Қаҳҳорзода.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 бонки тиҷоратӣ фаъолият доранд, ки байни онҳо танҳо яктоаш - “Амонатбонк” давлатӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.