Корхонаҳои соҳаи истихроҷи ангишти Тоҷикистон соли равон истихроҷи онро то ба ҳаҷми рекордии 2,2 млн тонна расониданианд.
Дар изҳороти табрикии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни касбии Рӯзи ангиштканон қайд мешавад, ки ин миқдор дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта қариб 200 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Истихроҷи ангишт аз аввали соли равон то 25 август ба 1 млн 164 ҳазор тонна расонида шуда, дар як шабонарӯз аз 8 то 11 ҳазор тонна истихроҷ мегардад.
“Истихроҷи ангишт дар 7 моҳи соли равон наздики 970 ҳазор тоннаро ташкил дода, 3,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад”, - қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, соли равон 8 корхона дар 6 кон ба истихроҷи ангишт машғул буда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 18 корхонаи истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ангишти истихроҷшуда асосан ба Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, инчунин корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ фурӯхта мешавад. Ҳамчунин ангишти Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мегардад. Ҳаҷми содироти он дар нимсолаи аввал 3,1 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба тарзи истихроҷи зеризаминии ангишт оғоз намуданд. Ҳаҷми истихроҷ бо ин тарз дар соли гузашта 5,5% аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангиштро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 конҳо ва зуҳуротҳои ангишт кашф шудаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисобӣ шуда, аз он 331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ барои истихроҷу коркард омода мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 баробар - аз 870 ҳазор тонна дар соли 2014 то ба 2 млн тонна дар соли 2019 афзуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста