Мақомоти ҳар ду кишвар то ҳанӯз натавонистаанд, ки санаи дақиқи парвозҳо миёни пойтахтҳоро мушаххас кунанд. Дар миёнаҳои моҳи октябр мақомоти ҳар ду кишвар эҳтимоли оғози парвозҳоро дар 1-уми ноябри имсол баррасӣ карда буданд, баъдан оғози парвозҳоро ба 1-уми декабр мавқуф гузоштанд.
Ҳоло санаи 1-уми январи 2020 баррасӣ мешавад, - мегӯяд як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати кишвар.
Манбаъ мегӯяд, ки вазъи душвори эпидемологӣ бар пайи ҳамагирии коронавирус дар ҳар ду кишвар имкон намедиҳад, ки сари ин масъала тасмими зуд ва ниҳоӣ гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо ба Тошканд дастур гирифтааст, вале сана ва реҷаи дақиқи парвозҳо ҳанӯз маълум нест.
Дар ин Оҷонсӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар воқеъ онҳо иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо пешгирии коронавирус дар кишварро дар робита ба азсаргирии парвозҳо бо Узбакистон, гирифтаанд.
"Ин гуна иҷозаро ҳамтоёни ӯзбеки мо ҳам доранд, вале санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз мушаххас нест. Пеш аз парвозҳо бояд ҳамаи мушаххасот дақиқ шавад: кадом ширкатҳо парвозҳоро анҷом медиҳанд, кадом реҷа аст ва масоили марбут ба ҳамагирӣ низ”,-гуфтанд дар Оҷонсӣ.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои баррасии ин ва масоили дигар рӯзҳои наздик мулоқоти онлайнии мақомоти ҳавонавардии ду кишвар сурат мегирад, ки интизор меравад дар ин дидор санаи дақиқи парвозҳо ва тартиби хатсайрҳои масири Душанбе-Тошканд-Душанбе маълум шавад.
Бояд гуфт, ки пештар бархе аз расонаҳо дар такя ба Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дода буданд, ки эҳтимол парвзи нахустин миёни пойтахтҳои ҳар ду кишвар пас аз ҳамагирӣ 28-уми октябр сурат бигирад.
Пештар гуфта шуда буд, ки мақомоти ҳар ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки парвозҳои мустақимро аз сар бигиранд. Парвзҳои мустақими миёни Душанбеву Тошканд 16 марти имсол қатъ шуда буд.
Ба ҷуз Тоҷикистон, Ӯзбекистон 16 март марзҳояшро бо кишварҳои дигари ҳамсоя низ баст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста