Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 106 корхона ва 87 коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ин корхонаву коргоҳҳо ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук ва мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва маъданҳои кӯҳӣ машғуланд.

Таъкид мешавад, ки дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин корхонаву коргоҳҳо аллакай ба маблағи 691 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба 3,3%-и Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Ба туфайли ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и кишвар то 17,9% афзуд.

“Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ беш аз 2,4 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла 694-тоашон дар вилояти Суғд, 613 - дар вилояти Хатлон, 471 - дар Душанбе, 425 - дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 50-то дигар дар ВМКБ фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.