Соли гузашта созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 342 млн доллар (ҳудуди 3,6 млрд сомонӣ) маблағ доданд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки воситаҳои дастрасшуда ба маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иҷтимоӣ равона гардиданд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки аз ҳисоби ин маблағҳо уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иҷро шуда, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳаҷми кумаки иҷтимоии унвонӣ ба қишри осебпазири аҳолӣ зиёд шуд, инчунин аз ин ҳисоб қарзҳои беруна пардохт шуда, ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод маблағгузорӣ сурат гирифт.
Таъкид мешавад, ки маблағи қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор - 189,5 млн доллар, кумаки бебозгашти Бонки осиёии рушд - 102,5 млн доллар ва қарзи Фонди авруосиёии субот ва рушд - 50 млн долларро ташкил медиҳанд.
Ин кумаку қарзҳо имкон дод, ки нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 0,1% (20,3 млн сомонӣ) барзиёд иҷро карда шавад.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатӣ дар соли гузашта 24,3 млрд сомониро ташкил дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.