Чин ба бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ, ки бо онҳо тариқи гузаргоҳи марзии “Қулма” аз Чин ба Тоҷикистон бору маҳсулот оварда мешуд, оғоз намуд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми Гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори синзян-Уйғури Чин амалӣ мегардад.
Акнун контейнерҳо ба таҳвилгарони тоҷик фурӯхта нашуда, ба шарикони Чин бозпас баргардонида мешавад.
Вазорат ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ мерасонад, ки аз 17 майи соли ҷорӣ ҷониби Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.
“Дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 соли гузашта бо кантейнерҳое, ки аз Чин ба кишвари мо бор оварда мешуд, бозпас гирифта намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат. - Ҳоло барои бозпас гирифтани онҳо аз интиқолдиҳандагон иҷозат дода шуд”.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли гузашта бо сабаби вируси нав сарҳад баста шуд. Баъдан гардиши мол тариқи “Қулма” барқарор шуда, лекин шартҳо тағйир ёфтанд: ба овардани бор то сарҳади Тоҷикистон худи чиниҳо машғул шуданд.
Дар ҳамин ҳол, зимни қабулу интиқоли бор боргирандагони тоҷик бояд алоҳида маблағи контейнерро пардохт мекарданд ва нархи воқеии он ба гуфтаи онҳо, зиёда аз 5 баробар болотар муқаррар мешуд.
Мушкили мазкур охири моҳи апрел дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак, ки ба таври маҷозӣ доир гардид, роҳи ҳалли худро ёфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.