Корхонаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистону Чин, ки баъди ба фаъолият шуруъ карданаш аз соли 2017 ба ин тараф кори муназзам надошт, ба реҷаи махсуси фаъолият шуруъ кардааст. Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Даврон Зоҳидзода дар нишасти мутбуотӣ хабар дод.
Оғози соли ҷорӣ мақомоти шаҳри Истиқлол аз суст шудани кор дар ин корхона нигаронии амиқ карда гуфта буданд, ки ба далели барои онҳо норӯшан корхона давоми ду сол аст, ки фаъолият намекунад.
Даврон Зоҳидзода гуфт, дар пайи гуфтушуниди мақомот бо роҳбарияти корхона онҳо аз охири моҳи май ба кори муқаррарӣ шуруъ карданд ва дар шаш моҳи имсол дар корхона 199 тонна сурб ва 18 тонна руҳ истеҳсол шудааст.
Ӯ иттилоъ дод, ки шумори кормандони корхона ба 423 нафар расида, 215 нафари он сокинони маҳаллӣ, боқимонда чиниҳо ҳастанд ва музди миёнаи корӣ дар ин корхона 1438 сомонӣ аст.
“Аз рӯйи талаботи техникӣ баъзе муаммоҳо ҳаст, аз ҷумла тоза кардани оташдонҳое мебошад, ки дар он ҷо металл гудохта мешавад. Ин кор то як ҳафта фаъолияти корхонаро бозмедорад. Лекин бояд бо низоми худашон корро сар кунанд. Имрӯз дар худи корхона 3 ҳазор тонна консентрат доранд. Ҳаҷми истеҳсоли моҳонаи маҳсулоташон наздик ба 300 тонна аст”, - гуфт Зоҳидзода.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Истиқлол, давоми шаш моҳи имсол ин корхона ба буҷети маҳаллӣ 5,5 млн сомонӣ маблағ ворид кардааст.
Ин корхонаи металлургӣ дар баробари истихроҷи канданиҳои фоиданоки кӯҳҳои шаҳри Истиқлол, дар назди Тоҷикистон уҳдадориҳои махсус дорад. Аз ҷумла бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ дар шаҳр ва таъмиру навсозии даҳҳо километр роҳҳо яке аз уҳдадориҳои корхона маҳсуб меёбад. Даврон Зоҳидзода гуфт, баъди дигарбора ба фаъолияти муқаррарӣ шуруъ кардан ин корхона ба иҷрои уҳдадориҳояш низ пардохт.
“Аз рӯйи шартномаи тарафайн 4 майи соли равон бо иштироки раиси вилоят хишти аввали сохтмони кӯдакистон дар шаҳри Истиқлол барои 170 нафар гузошта шуд. Имрӯз корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва мутобиқи шартнома 1 сентябр кӯдакистон бояд ба истифода дода шавад. Ин яке аз ӯҳдадориҳои “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” аст, ки иҷро карда истодааст”, - иброз дошт раиси шаҳр.
Корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин соли 2017 бо харҷи 57 млн доллар сармояи Чин дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин)-и вилояти Суғд бунёд шуда, соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ва солҳои пешин ба далели дигар кор намекард.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар марҳилаи нахустини фаъолият корхона истеҳсоли металли сурбро ба роҳ монд, ки иқтидори лоиҳавӣ дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурбро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста