Масъулини идораи “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” мегӯянд, тасмими боло бурдани нархи роҳкирои автобусҳоро надоранд ва дар нақшаи оянда низ нест.

Ҳоло мақомоти масъул мегӯянд, ки товони зиёни идораи автобусҳо аз буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд рӯйпӯш мешавад. Аммо то куҷо ин ҷуброн метавонад хидматрасонии автобусҳои давлатиро бетағйир нигоҳ дорад, суолест, ки посухаш ҳоло рӯшан нест.  

Сар аз 1-уми сентябр дар пайи гарон шудани арзиши маводи сӯхт роҳкирои нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ дар Тоҷикистон 25 дарсад ва хатсайрҳои наздишаҳриву байнишаҳрӣ то 37 дарсад боло рафт. Ба ин тартиб нархи роҳкиро дар микроавтобусҳои дохилишаҳрии Хуҷанд аз 1 сомонию 50 дирам то ба 2 сомонӣ боло рафта боис ба нигарониҳои мардум низ шудааст.   

Бо гузашти ду рӯз аз болоравии роҳкиро дар Тоҷикистон идораи “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” эълом кард, ки арзиши мусофиркашонӣ дар автобусҳоро боло бурдани нест. Нархи роҳкирои дохилишаҳрӣ дар  автобусҳо 1 сомонӣ ва беруназшаҳрӣ 2 сомонӣ бетағйир боқӣ монд.    

Абдухолиқ Қаҳҳоров, сармуҳандиси  идораи “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд”  дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукумати Хуҷанд дар харидории маводи сӯхт кӯмак кард ва дар назар аст ҷуброни зиёни ба корхона расида аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ рӯйпӯш шавад.

“Мақомоти Хуҷанд дар ин шабу рӯз барои харидории 19 ҳазор литр маводи сӯхт кӯмак кард. Мо ягон хел тасмими боло бурдани нархи роҳкироро надорем ва дар нақшаи ояндаи мо низ нест. Аммо барои мо дар як сол бештар аз 4 миллион сомонӣ лозим аст, ки барои харидани чарх, сӯзишворӣ, акумлиятор бояд сарф шавад”,-мегӯяд ин масъул.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи тобистон аз 100 автобуси мавҷудаи ин корхона танҳо бештар аз 10 автобус мусофиркашонӣ мекард ва аз 1-уми сентябр бештар аз 50 адад автобус фаъол шуд.

Қаблан директори идораи “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” Музаффар Раҳматхӯҷаев далели инро ба боло рафтани сӯзишвории дизелӣ, кам будани мусофирон ва корҳои таъмирӣ рабт дода буд. Вай гуфта буд баъди аз марзи 9 сомонӣ гузаштани нархи сӯзишвории дизелӣ 35 дарсад хароҷоти маблағи барои маводи сӯхт сарфшуда ворид мешавад ва 65 дарсад ҳамарӯза бар зиён кор мекунанд.

Музаффар Раҳматхӯҷаев ин идораро “корхонаи зиёновар” ном бурда, гуфта буд аз буҷети маҳаллии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки автобусҳо дар ин ҷойҳо мусофиркашонӣ мекунанд, ҷуброни зиёнро пардохт мекунанд.

“Зиёда аз 6,1 миллион сомонӣ ба мо ҷуброн (субсидия) барои хидматрасонӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд аз буҷет пардохт мешавад. Инчунин 20 миллион сомонӣ ҷуброн  аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст”.

Ӯ гуфт, ба ин корхона низ Вазорати нақлиёт дар мавриди баланд бардоштани нархи роҳкирои автобусҳо пешниҳод дод, вале ба ҷойи боло бурдани нарх онро  бетағйир гузоштанд.

Аммо ишораҳо низ ҳаст, ки баъди ҷашни истиқлол нархи хидматрасонии автобусҳо бозбинӣ мешавад ва маълум нест, ки роҳкирои автобусҳои давлатӣ бетағйир боқӣ мемонад ё боло меравад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.