Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 229 корхонаву коргоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре дар гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар зикр мегардад, дар онҳо ба маблағи 363 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст.
Дар ҳисоботи Вазорат гуфта мешавад, дар корхонаву коргоҳҳои зикргардида 2067 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Вуруди сармоягузорӣ ба соҳаи саноат дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,8 млрд сомонӣ (340 млн доллар) зикр мешавад.
Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки имсол истеҳсоли 35 навъи нави маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки қаблан дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешуд.
Тибқи пешгӯйии Вазорати саноат, то охири сол ба 292 адад расонидани корхонаву коргоҳҳои нав ба нақша гирифта шудааст.
“Айни замон ҷиҳати тақвияти корҳо оид ба сохтмони корхонаҳои металлургӣ, коркарди маъдан, истихроҷу коркарди фулузоти ранга ва қиматбаҳо то маҳсулоти ниҳоӣ зарурат пеш омад”, - менависанд дар Вазорат.
Ҳамчунин зарурати рушди соҳаҳои саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва доруворӣ дар заминаи бунёди паркҳои саноатӣ ва ҷорисозии лоиҳаҳои тайёри техникӣ таъкид мешавад.
Сармоягузориро барои амалисозии нақшаҳои зикршуда ҳукумат ният дорад ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҷустуҷӯ кунад. Ҳамчунин сармоягузорӣ аз шарикони рушд (мададрасонони байнулмилалӣ) дар назар аст.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ 2360 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст: соли ҷорӣ 1891-тои онҳо (80,2%) пурра кор карда, 374 корхона (15,8%) мавсимӣ фаъолият намуд ва 95 корхонаву коргоҳ (4%) аз фаъолият бозмонда буданд.
Сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар Вазорат омилҳои гуногун номбар мекунанд, аз қабили камбуди ашёи хом ё воситаҳои гардиш, анҷоми муҳлати иҷозатнома, кори мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолмешуда, тағйирёбии самти кор, баҳсҳои амволӣ ва ғайра.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста