Дар ҳоли ҳозир, ки қимати пахта дар ҷаҳон ба ҳадди рекордӣ боло меравад, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки содироти ашёи хомро коҳиш диҳад. Оё ин тасмим дуруст аст?

Нияти минбаъд коҳиш додани содироти ашёи хом

Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024 коҳиши ҳаҷми содироти пахтаро ба нақша гирифтааст. Ба ин тариқ, давоми се соли наздик ҳаҷми содироти пахта аз 121 ҳазор тонна дар соли 2021 то ба 40 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш меёбад.

Соли гузашта содироти нахи пахта дар ҳаҷми 90 ҳазор тонна пешбинӣ гардида, вале ба хориҷи кишвар 121 ҳазору 146 тонна ашёи хом ба маблағи 256,3 млн доллар фурӯхта шуд. Ба ақидаи коршиносон, ин пеш аз ҳама ба хеле кам коркард шудани пахта дар дохили кишвар марбут аст.

Ҳукумати Тоҷикистон назди худ вазифа гузоштааст, ки коркарди дохилии пахтаро ба 70-73 фоиз расонида, ҳаҷми содироти ресмон, матоъ ва равғанро зиёд кунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёмаш ба порлумон изҳор дошта буд, ки "барои коркарди ҳосили ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ зарфиятҳои кофӣ вуҷуд доранд." Ва дар назди коркунони саноати пахта вазифа гузошт, ки ягон грамм пахтаро бе коркард ба хориҷа нафиристанд.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Нархи пахта боло меравад

Имсол нархи пахта бо суръати рекордӣ боло меравад.

Вазъият дар Украина, афзоиши ғайримуқаррарии хароҷоти нақлиёт, хушксолӣ дар ИМА, маҳдудиятҳо (локдаун)-и марбут ба коронавирус дар Чин, нархи пахтаро дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳадди 10 соли охир боло бурданд, менависад The ​​Japan Times.

Нархи нахи пахта ба 1,3171 доллар барои як фунт (ҳудуди 453 грамм – тақрибан 3 ҳазор доллар барои 1 тонна) тибқи қарордодҳои фючерсии калидии ИМА расиданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории AFP, ин нишондиҳанда баландтарин аз моҳи июли соли 2011 мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки соли 2022 нархи пахта қариб 40% боло рафта, сипас дар соли 2023 дар баробари камшавии мушкилоти марбут ба обуҳаво ба андозаи 6% поин меравад.

Дар назар аст, ки талабот дар ҷаҳон дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоби миёна 26,2 млн тоннаро ташкил хоҳад дод, ки 2% баландтар нисбат ба солҳои 2020-2021 аст.

Тоҷикистон аз содироти пахта чӣ қадар даромад мегирад?

Тибқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 3500-400 метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ - 100-120 кило равған, тақрибани 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад. Аз ин миқдор тақрибан 140 ҳазор тонна нах ҳосил мешавад. Ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он (15%) дар дохили Тоҷикистон коркард шуда, боқимонда ба содирот меравад.

Тибқи ҳисобу китоби агроном Бахтиёр Тӯйчиев, агар 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар коркард шавад, аз он метавон аз 350 то 400 млн метри мураббаъ матоъи гуногун истеҳсол кард. “Аз 100 ҳазор тонна нахи пахта бо нархҳои имрӯза метавон 290 млн доллар даромад ба даст овард, лекин агар аз он матоъ истеҳсол карда шавад, даромад метавонад зиёда аз 1 млрд долларро ташкил диҳад ва ин ҳам бо ҳисобу китоби тахминии ман”, - чунин изҳори андеша кард мутахассис.

Бар иловаи ба даст овардани арзи хориҷӣ, роҳандозии коркарди пахта дар дохили Тоҷикистон имкон медиҳад, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Ғайр аз ин, аз 400 ҳазор тонна пахта зиёда аз 40 ҳазор тонна равғани пахта ва қариб 45 ҳазор тонна хӯроки чорво гирифтан мумкин аст.

Ба ақидаи агроном, аз коҳиши ҳаҷми содироти пахта ба сифати ашёи хом Тоҷикистон бурд хоҳад кард.

Вазорати рушди иқтисод дар баробари коҳиши содироти пахтаи хом, афзоиши содироти маҳсулоти тайёрро пешбинӣ мекунад. Масалан, содироти калобаи пахтагин, ки нисбат ба нах ду баробар гарон аст, аз 36 ҳазор тоннаи соли 2022 то ба 48 ҳазор тонна дар соли 2024 расонида мешавад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

То охири давраи пешбинишуда содироти маҳсулоти тайёри пахта, аз ҷумла матоъ дар ҳаҷми 1,6 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон, истеҳсоли ресмон ва матоъ қариб 80 фоизи арзиши иловагии маҳсулоти ниҳоии бозорӣ, истеҳсоли нахи пахта бошад, қариб 10 фоизро ташкил медиҳад.

Чӣ гуна метавон истеҳсоли пахтаро зиёд кард

Барои даромади иловагӣ гирифтан аз афзоиши коркарди пахта, пеш аз ҳама истеҳсоли онро зиёд кардан лозим аст. Гап сари он аст, ки Тоҷикистон аз содироти нахи пахта комилан даст кашиданӣ нест, зеро як қисмате аз он хоҳ-нохоҳ бар асоси қарордод бо ширкатҳои хориҷӣ содир хоҳад шуд.

Тибқи пешгӯиҳо, соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли пахта бояд то 437 ҳазор тонна ва нахи пахта - то 184 ҳазор тонна зиёд шуда, дар баробари ин сифати навъҳо беҳтар ва ҳосилнокӣ аз 1 гектар афзун карда шавад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

То соли 2024 Тоҷикистон истеҳсоли риштаро ба 60,6 ҳазор тонна ва матоъҳои тайёри пахтагинро ба 48,8 млн метри мураббаъ расониданист.

Дар Тоҷикистон пунбадона дар 186 ҳазор гектар замин кишт мешавад. Зиёд кардани майдони кишти пахта қариб имконнопазир аст, зеро заминҳои мувофиқу коршоям каманд. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, агар аз ҳар гектар 30 сентнерӣ ҳосили пахта ба даст оварда шавад, пас истеҳсоли «тиллои сафед» метавонад ба 558 ҳазор тонна расад, ки ин барои Тоҷикистон фоидаи зиёд меоварад.

Мутаассифона, ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ҳамагӣ 21 сентнерро ташкил медиҳад.

Пахта дар куҷо коркард мешавад?

Барои роҳандозии коркарди пахта дар кишвар корхонаву фабрикаҳо лозиманд.

Бино ба маълумоти мақомоти марбута, дар Тоҷикистон зиёда аз 100 корхонаҳои пахтатозакунӣ фаъолият доранд. Лекин аксарияти онҳо бо сабаби таҷҳизоти кӯҳнашуда ва нокофӣ будани  маблағҳо барои гардиши истеҳсолӣ, қодир нестанд, ки ҳатто нисфи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо мавриди коркард қарор диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2027 бо ҷалби сармоя 5 комплекси коркарди нахи пахта бунёд кунад. Пешбинӣ мешавад, ки ин боз як муҳлати нави гузариш ба марҳилаи пурраи коркарди нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшуда буда, барои ин на камтар аз 1 млрд доллар маблағ лозим аст.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин сӯ талош дорад, ки як силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаи истеҳсоли кишварро ба роҳ монад, аммо ба далели камбуди маблағ ва мавҷуд набудани сармоягузориҳои калон, амалисозии ин нақша муясссар намегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳиссаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар ҳамагӣ 11,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.