Давоми рӯзҳои ахир доллар дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 65 сомонӣ ва тайи шабонарӯзи гузашта - 30 сомонӣ арзон шуд. Дар ҳамин ҳол, болоравии қурби рубли Русия идома дошта, ҳозир тибқи қурби расмӣ барои 1000 рубли Русия 172 сомонӣ маблағ гирифтан мумкин аст.
Шурӯъ аз нимаи моҳи май қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ ба таври устувор боло меравад.
Агар рӯзи 20 май қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда барои 1 доллари ИМА 12,45 сомониро ташкил медод, пас имрӯз, 24 май қурби доллар поин рафта, 11,80 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар баробари доллар қурби евро ҳам коҳиш меёбад: агар як ҳафта пеш 1 евро 13,13 сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир он бо 12,57 сомонӣ иваз мешавад.
Вазъият бо рубл чӣ гуна аст?
Дар ҳамин ҳол, қурби рубл нисбати сомонӣ дар ҳоли болоравист. Агар як ҳафта пеш барои 1000 рубл 166 сомонӣ медоданд, пас имрӯз тибқи қурби расмӣ, он ба 172,5 сомонӣ иваз мешавад, ки боиси хурсандии муҳоҷирон аст, зеро онҳо дар Русия машғули кор буда, маблағро маҳз бо рубл ба хонаҳояшон мефиристанд, ҳарчанд дар ин ҷо бо сомонӣ дода мешавад.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Модари яке аз муҳоҷирони тоҷик Волида зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 23 май пули аз Русия фиристодаи писарашро бо қурби 172 сомонӣ барои 1000 рубл гирифтааст, яъне ба ивази 10 ҳазор рубл ба ӯ 1 ҳазору 720 сомонӣ додаанд.
Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ - сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ интиқол додаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш бар асари болоравии қурби рубл ва интиқоли зиёди пул дар банкоматҳои Тоҷикистон пули нақд ёфтан хеле мушкил шуд. Рӯзҳои истироҳат қариб аз ҳама банкоматҳо пул гирифтан имкон надошт.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста