Поинравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дошта, рубл қимат мешавад. Дар давоми як шабонарӯз 100 доллар барои иваз 20 сомонӣ арзон шуд (100 доллар 22 июн, дирӯз - 1020 сомонӣ ва 23 июн, имрӯз - 1000 сомонӣ). Қурби расмии рубл дар як шабонарӯз 0,3 банди фоизӣ боло рафт.
Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 23 июн 100 доллар 1058 сомонӣ нарх дорад. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазор сомонӣ харида, 1030 -1040 сомонӣ мефурӯшанд.
Чанде пеш қурби доллар дар Русия бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт: дар биржаи Маскав 1 доллар аз 54 рубл поин рафта, евро низ аз 57 рубл поинтар шуд, ки аз 28 майи соли 2015 боре ҳам чунин ҳолат ба мушоҳида нарасида буд.
Тибқи қурби расмӣ барои имрӯз, 23 июн 1000 рубл 177,5 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 22 июн қимати он ба 177,2 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 1000 рублро 172 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби евро низ дар таблои БМТ як банди фоизӣ поин рафт. Имрӯз 1 евро ба 11,17 сомонӣ баробар буда, дирӯз - 11,18 сомонӣ нарх дошт.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.
Дар дигар бонкҳои кишвар қурби хариди доллари нақд имрӯз дар сатҳи 9,7-9,8 сомонӣ (1 доллар) ва қурби фурӯш - 10-10,10 сомонӣ қарор дорад.
Рубли нақдро дар бонкҳо бо нархи аз 160 сомонӣ (барои 1000 рубл) то 177 сомонӣ харида, бо нархи аз 173 то 182,5 сомонӣ мефурӯшанд.
Нархҳо ҳамоно боло мераванд
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди поинравии қурби доллар, ки соҳибкорон болоравии нархи маҳсулоташонро бо он асоснок мекунанд, шаҳрвандон аз идомаи болоравии нархҳо дар бозорҳо шикоят доранд. Асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд.
“Пештар нӯшокии йогуртро ман 11 сомонӣ мехаридам, лекин сарфи назар аз поинравии қурби доллар, он қимат шуда, айни замон 15 сомонӣ нарх дорад. Бо дигар маҳуслот низ вазъият чунин буда, болоравии нархҳо идома дорад”, - менависад яке аз корбарон.
Қобили зикр аст, ки дар авҷи мавсими ҳосили сабзавоту мева нарх ҳатто ба онҳо поин намеравад. Имрӯз 1 кило караму лаблабу ва пиёз 4 сомонӣ (нархи миёна дар ҷумҳурӣ), сабзӣ - 3 сомонӣ, помидор - 8-10 сомонӣ, бодирингу бодинҷон (баклажан) - 6-10 сомонӣ нарх доранд. Дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 нархи онҳо ду баробар баландтар аст.
Арзиши зардолуву гелос то 8 сомонӣ, себу шафтолу - зиёда аз 10 сомонӣ, олу - ба 5 сомонӣ мерасад. Ҳамаи мева ва буттамевагиҳо дар муқоиса бо тобистони соли гузашта ба ҳисоби миёна 1,5-2 баробар қимат шудаанд.
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста