Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2022-ро бо “сомонӣ” - бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва бо “дирам” - бо арзиши номиналии 50 дирам ба муомилот баровард.
Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, тангаҳои намунаи нав аз 1 июл дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Ҳадаф аз ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав “таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ бар асоси қарори Раёсати БМТ аз 30 июни соли 2022” унвон мешавад.
Гуфта мешавад, Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.
Ёдрас мекунем, ки пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Ин воҳиди пулӣ рубли тоҷикии қаблан мавриди истифода қарордоштаро иваз намуд.
Айни замон дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ (500, 200, 100, 50, 20, 10, 5, 3 ва 1 сомонӣ) ва тангаҳои фулузии (50, 20, 10, 5, 2 ва 1 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ) дар муомилот қарор доранд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста