Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ба аввали нимсолаи дуюми соли 2022 ҳудуди 28,5 млн сомонӣ (наздики 2,8 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

“То охири моҳи июни соли 2022 дар муқоиса бо маълумоти охири моҳи майи соли 2022 қарз ба миқдори 431,7 ҳазор сомонӣ (42 ҳазор доллар) ё худ ба андозаи 1,5% зиёд шуд”, - зикр мекунанд дар Агентӣ.

Гуфта мешавад, ба ҷуз бахшҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ, дигар дар ҳамаи соҳаҳо афзоиши қарз аз маош ба назар мерасад.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - ҳудуди 15 млн сомонӣ (52,5% аз ҳаҷми умумии қарз) ва дар соҳаи хидматрасонӣ - дар фаъолияти нақлиёт ва нигаҳдории молу маҳсулот - ҳудуди 6,3 млн сомонӣ (22,1%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи июн ба ҳисоби миёна 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо ба 5199 сомонӣ (505 доллар) баробар аст.

Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки 645 сомонӣ (63 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июли соли 2022 маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг, варзишу тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи аз 20 то 25% зиёд карда шуд.

Ҳаҷми минималӣ (ҳадди ақал)-и музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз 600 сомонӣ (57 доллар)-ро ташкил медиҳад. То ин дам ҳаҷми маоши минималӣ дар кишвар ба 400 сомонӣ (38 доллар) баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, инчунин зикр кардан бамаврид аст, ки бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, хароҷоти моҳонаи хонаводаҳо барои як узви оила қариб 19% зиёд шудааст.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки чӣ қадар дар як моҳ ба хӯрокворӣ хароҷот кардани сокинони пойтахт ва деҳотро муайян кунад.

Мо хароҷоти танҳо маҳсулоти асосии хӯроквориро ҳисоб кардем, истеъмол бо назардошти як нафар ва хароҷот ба оилаи иборат аз 4 кас нишон дода шудааст.

Хароҷоти воқеиро ба мо худи одамон гуфтанд, расмиро (оид ба истеъмол) аз Агентии бехатарии озуқаворӣ гирифтем. Натиҷааш чунин шуд:


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.